![]() |
Ахмад Маҳмуд Император, шоир, нависанда, ҳунарманд ва тарроҳи барҷастаи Афғонистон |
Ахмад Маҳмуд Император, шоир, нависанда, ҳунарманд ва тарроҳи барҷастаи Афғонистон, дар 13-уми Ҳути соли 1363 ҳиҷрии шемсӣ, муобиқ ба 3-юми марти соли 1985 мелодӣ дар Кобул ба дунё омад.
Риштаи оилавии ӯ ба вилояти Бадахшон бармегардад ва аз насаби ашрофзодагон ва мардумест, ки дар фарҳанг, адаб ва маърифат мақоми баланд доранд.
Кӯдакӣашро дар фазое пур аз меҳру омӯзиш сипарӣ кард.
Таҳсили ибтидоиро дар Кобул оғоз намуд ва сипас бо оилааш ба Бадахшон, зодгоҳи нодидаи аҷдодаш, рафт ва давраи таҳсили миёнаи худро дар Лисеи Кашм ба анҷом расонд.
Баъд аз баргашт ба Кобул, таҳсилашро дар Лисеи Абдулҳодӣ Давӣ бо муваффақият анҷом дод ва бо шавқ ва кӯшиш ба риштаи тиб таҳсилро оғоз намуд, аммо ба сабаби мушкилоти ҷисмонӣ, роҳи илмиашро дар соҳаи муҳандисии компютер идома дод ва аз ин ришта донишандӯзӣ намуд.
Завқи шеъргӯӣ дар вуҷудаш аз солҳои ноболиғӣ оташ гирифт.
Аввалин шеъриҳои ӯ рангу бӯи маснавӣ доштанд ва дар онҳо ишқ ба Ватан, табиат ва фарҳанги Бадахшон намоён буд.
Сипас дар шаклҳои гуногун монанди ғазал, рубоӣ, мухаммас, мусаддос ва мустазад ба эҷод пардохт ва осориеро офарид, ки таҷассумгари андешаҳои нарму ҳиссиёти инсониву фаҳмиши амиқи ӯ мебошанд.
Ахмад Маҳмуд Император шоирест андешаманд ва огоҳбин, ки дар шеърҳояш ишқ, ирфон, инсоният, сулҳ ва зебоӣ ба тарзи ноилҷудо шинохта мешаванд.
Ӯ бовар дорад, ки шеър бояд забони рӯҳ бошад; пули байни дард ва умед, байни инсон ва ҳақиқат.
Асораш ойинаи даруни инсонист, ки зебоиро на дар рӯй, балки дар маърифат ва дарки ҳастӣ меҷӯяд.
Ғайр аз шеър, дар соҳаи хаттотӣ, тарроҳии графикӣ ва санъатҳои визуалӣ низ осори барҷастае офаридааст.
Зеҳни эҷодкор ва диди ҳунарии ӯ сабаб шудааст, ки осори графикии ӯ дар паҳлӯи шеър, ҳувияти мустақил пайдо кунанд.
Овози хуш ва баёни таъсирбахши ӯ дар декламаҳо, ҷилоъе дигар аз рӯҳи шоиронашро нишон медиҳад ва шунавандаро дар фазои маъно ғарқ месозад.
Дар андешаҳои ӯ, зан рамзи нармӣ ва идомаи ҳаёт аст, на мавҷуди заиф; ва инсоният, фаротар аз марз, қавм ва дин ва нажод ва ғайра маънӣ меёбад.
Ӯ ҳамеша бар сулҳ, ҳамзистӣ, дониш ва фикр таъкид мекунад ва санъатро забоне медонад, ки метавонад ҷаҳонро ба сӯи рӯшноӣ барад.
Аз назари бисёре аз дӯстдоронаш, Ахмад Маҳмуд Император «Шоири дилҳо» ва «Юсуфи дуюм» номида мешавад; чеҳрае болангу хушсима ва ботини равшан мисли оби зулол.
Ӯ бо шахсияти матин, гуфтори одобмандона ва андешаҳои баланд, миёни аҳли адаб ва ҳунар маҳбуб аст.
Ҳаёти ӯ пур аз меҳр, эҷодкорӣ ва хизмат ба инсоният аст.
Бо шеърҳои дилангез, тарроҳии чашмнафиз ва паёмҳои сулҳҷӯёнааш, дар роҳи густариши ишқ, ҳикмат ва зебоӣ қадам мегузорад ва дар хотираи адабии мардумаш мақоми арзанда дорад.
----
Мутарҷим: Музфар
2025
هیچ نظری موجود نیست:
ارسال یک نظر